ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот”, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар Тоҷикистон пас аз таҷдиду навсозӣ ба кор даромад.
Ин корхона дар ҳузури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фаъол шуда, таъкид шудааст, ки он ба рушди кишоварзии кишвар мусоидат хоҳад кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бо фаъол гардидани корхонаи мазкур зиёда аз 1000 шаҳрванди мамлакат, хосса ҷавонони соҳибтахассус бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар “Азот” асосан истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шудааст.
Дар он 1000 нафар фаъолият карда, иқтидори истеҳсолии он дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи масъулин дар сурати пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда шавад.
Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншоотро мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Осиё Кемикал” дар муҳлати муайянгардида ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда, арзиши лоиҳавии он беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.
“Тамоми маводи истеҳсолии корхона қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи муосири муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарин мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар озмоишгоҳ асосан занону духтарон ба кор ҷалб гардидаанд”, - афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфта, бинобар фарсудагӣ аз кор монда буд.
Ҷумҳурӣ барои ниёзҳояш нӯриҳоро бо қимати гарон аз хориҷ ворид мекард.
Гуфта мешавад, ки талаботи солона ба нуриҳои минералӣ дар мамлакат қариб 550 ҳазор тоннаро дар бар мегирад ва ба иттилои масъулон, солҳои 2020 — 2022 ба мамлакат дар ҳаҷми 602 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид карда шудааст.
Ин нишондиҳанда дар 3 моҳи соли равон зиёда аз 23 ҳазор тонна дар ҳаҷми 10,6 миллион доллари амрикоӣ мебошад.