ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Киев наметавонад Артёмовскро тарк кунад, зеро дар ин сурат нерӯҳои Русия имкони ишғол кардани қаламравҳои бештар хоҳанд дошт, гуфт президенти Украина Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии арабии "Al-Arabiya".
"Мо наметавонем аз Артёмовск даст кашем, зеро он ҷабҳаро васеъ мекунад ва ба нерӯҳои Русия ва "Вагнер" имкон медиҳад, ки қаламрави бештарро ишғол кунанд", - гуфт ӯ.
Дар ин гузориши телевизионӣ таъкид шуд, ки назорати пурраи Артёмовск барои нерӯҳои Русия барои ҳамлаи минбаъда ба Краматорск ва Славянск замина эҷод мекунад.
Қаблан Вазорати мудофиаи Украина бо эътирофи пешрафтҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Артёмовск таъкид намуд, ки вазъ шадид, вале назоратшаванда мебошад.
Моҳҳо қабл Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Киевро аз эҳтимоли муҳосираи нирӯҳояш дар Артёмовск ҳушдор дода, пешниҳод карда будаанд, ки шаҳрро тарк кунад.
Мақомоти ИМА таъкид карда буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина "агар дар давоми як моҳи оянда ақиб нанишинанд, хатари муҳосира шуданашон мумкин аст".
Ёдовар мешавем, ки Артёмовск дар шимоли Горловка дар Донетск ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст. Бештар аз ним сол аст, ки барои шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.