Навори Sputnik-ро тамошо кунед, то бубинед, ки шоколади белорусӣ чӣ гуна тавлид мешавад.
Дар корхонаи “Спартак”-и Гомел хатти нави истеҳсоли шоколадро ба кор андохтанд.
Сарвазири Беларус Леонид Заятс ба кори фабрикаи қаннодии "Спартак" баҳои баланд дода, инчунин қайд кард, ки таҷҳизоти нав ҳаҷми истеҳсолотро зиёд, номгӯи онро васеъ ва истеҳсоли маҳсулоти воридот ивазкунандаро ба роҳ мемонад.
Корхона соли гузашта аллакай зиёда аз 20 намуди нави қандҳои шоколадиро, аз ҷумла навъхои воридотивазнро истеҳсол мекунад.
Мудири куллӣ корхона Татяна Лиситсина боварӣ дорад, ки ҳам белорусҳо ва ҳам атбои хориҷӣ навгониҳоро қадрдонӣ хоҳанд кард.
Шоколаҳои белорусӣ қарор аст ба Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ИДМ содирот шаванд. Русия шарики асосӣ боқӣ мемонад. Дар байни бозорҳо Чин низ афзалият дорад.