ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Казокистон масъалаи харидории пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистонбаррасӣ дорад, иттилоъ додааст Вазорати савдои ин кишвар.
Воридоти ин навъи сабзавот бояд ба нархгузорӣ дар бозор таъсир расонад ва аз болоравии нархҳо пешгирӣ кунад. Ҳоло як кило пиёз ба ҳисоби миёна дар кишвар 150 танга (ҳудуди 0,33 доллар) арзиш дорад.
"Бо мақсади ба эътидол овардани нархи биринҷ Кумитаи савдо масъалаи бастани шартномаи он дар минтақаҳоро баррасӣ дорад. Барои таъмини бозори дохилӣ бо пиёз ва мӯътадил кардани нархи ин сабзавот хариди пиёзи барвактӣ аз Тоҷикистон баррасӣ мешавад", - гуфт манбаъ.
Ҳамин тариқ, дар Қазоқистон нархи маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ дар як ҳафта 0,1%, аз ҷумла қимати пиёз 1,3% боло рафт.
Нархи шир низ 0,7% фоиз, кефир 0,6 фоиз, биринч 0,3 фоиз афзуд.
Дар ҳамин ҳол, дар кишвар моҳи дуюм аст, ки нархи шакару гречиха арзонтар шудааст. Аммо нархи равғани офтобпараст чаҳор ҳафта боз поин меравад.
Илова бар ин, дар вақтхои охир кам шудани арзиши ярмаи гречиха, равгани офтобпараст, картошка, канд, сабзӣ, орд ва гушти мурғ ба кайд гирифта шудааст.
Нархҳо дар вилоятҳои Остона, Алмаато, Чимкент, Атирау, Улитау, Караганда, Қустанай ва Қазоқистони Ғарбӣ мӯътадил буданд.