Бояд мусовӣ эълон мешуд: мураббии тоҷик дар бораи сабқати Раҳимов

Ҳатто як коршиноси мустақил, Тони Беллю, ки аз ҷониби созмондиҳандагони ин мубориза даъват шуда буд, натиҷаи набардро мусовӣ арзёбӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Мубориза байни Шавкат Раҳимов ва Ҷо Кордина дар вазни сабуки IBF бояд бо ҳисоби мусовӣ анҷом мешуд.
Ин нуктаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, коршиноси миллӣ ва мурабби маъруф, Комил Латипов, баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, мубориза бидуни пирӯзиву шикаст метавонист анҷом шавад. Аммо, "деворхои худии варзишкори уэлсӣ ба у ёрӣ расонданд".
Вай ҳамчунин қайд кард, ки нокдаун, ки бозигари тоҷик дар оғози набард ба даст овард, ба нафъи Раҳимов набуд.
"Мутаассифона, он нокдаунро доварон низ ба инобат гирифта, ба фоидаи Ҷо Кордина қарор бароварданд", - қайд кард коршинос.
Сарфи назар аз ин, мураббии тоҷик мутмаин аст, ки мубориза тақрибан баробар сурат гирифт ва қайд кард, ки дар даври панҷум зодаи Кардифф идораро то ҳадде аз даст дод, вале Шавкат корро ба охир расонда натавонист.
"Ҳатто як коршиноси мустақил, Тони Беллю, ки аз ҷониби созмондиҳандагони ин мубориза даъват шуда буд, натиҷаи набардро мусовӣ гуфт", - изҳор дошт коршиноси тоҷик.
Қаҳрамони ҷаҳони тоҷик унвонашро аз даст дод
Муштзани шикастнадидаи тоҷику русиягӣ, Шавкат Раҳимов дар набард бо Ҷо Кординаи бритониёӣ дар вазни сабуки IBF унвони қаҳрамонии худро ҳифз карда натавонист.
Ин сабқат, ки дар Кардифф, ватани Кордина баргузор шуд, бо қарори тақсими доварон - 111-116, 115-112, 113-114 ба суди мизбон анҷом ёфт.