Баҳси ҳамкории корхонаҳои ҳарбии кишварҳои узви СААД дар Душанбе

Гуруҳҳои корӣ аз кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ меоянд, то татбиқи қарорҳои қаблиро баррасӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои узви СААД аз мавзуъҳои меҳварии ҳамоиши намояндагони созмон дар Душанбе арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷаласаи XXI комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои узви СААД 27 апрел дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Бар асоси барнома иштирокдорони ҷаласаи комиссияи байнидавлатӣ масъалаҳои марбут ба ҷараёни иҷрои протокол ва қарорҳои қаблияшонро ба миён мегузоранд.
Ҷаласаи қаблии комиссияи байнидавлатӣ соли 2022 дар шаҳри Маскав баргузор шуда буд.
СААД: Интиқоли аслиҳа ба артиши Украина раванди музокироти сулҳро ғайриимкон месозад
Иштирокдорони фаъолияти заминавии созмон дар самти рушди ҳамгироӣ ва робитаҳои корхонаҳо ва созмонҳои мудофиавии комплекси ҳарбию саноатии давлатҳои аъзои ин созмон ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард.
СААД феълан 6 кишвар - Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Белорусро дар бар мегирад.
Кишварҳои узв дар самти таъмини амнияти ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ахиран тағйироти ҷадид ба оинномаи СААД ворид шуд, ки тибқи он аъзои созмон, аз ҷумла дар соҳаи амнияти биологӣ низ ҳамкорӣ хоҳанд кард.