Бо дастури президент: Чаро бархе сокинони Тоҷикистон Наврӯзро охири апрел ҷашн мегиранд?

Мақомоти ВМКБ мегӯянд, дар деҳоти дурдасту баландкӯҳ бо сабаби шароити иқлимӣ, имкони таҷлили Наврӯз дар санаи тақвимӣ вуҷуд надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сокинони водии Хуфи ноҳияи Рӯшон бо иштироки роҳбарони ВМКБ Наврӯзро таҷлил карданд, ки расо як моҳ баъд аз санаи тақвимии ин ҷашн, сурат гирифт.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ, бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон минбаъд, дар он деҳоти дурдасту баландкӯҳ, ки бо сабаби шароити иқлимӣ, имкони таҷлили Наврӯзи фархунда дар санаи тақвимӣ вуҷуд надорад, чорабиниҳои идона дар давоми як моҳи баъди фарорасии Наврӯз баргузор мегарданд.
Водии Хуф аз ҷумлаи минтақаҳои нисбатан дурдасти ВМКБ буда, бисёре аз расму оини аҷдодӣ дар он ҳифз шуданд.
Рақсу оташбозӣ ва барномаи нотакрор: Таҷлили бо шукуҳи Наврӯз дар Суғд
Мақомоти ВМКБ мегӯянд, дар ҷашни Наврӯз сокинони Хуф меҳмононро бо расму русуми аҷдодӣ пешвоз гирифта, дастранҷи аҳли заҳмати ҷамоат ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Манбаъ афзуд, ки бахшида ба Наврӯз чорабиниҳои варзишӣ, аз намуди куштӣ, волейбол, арғамчинкашӣ ва гурзбардорӣ доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳо ва мукофотӣ пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар рафти чорабинӣ барномаи рангини консертӣ аз ҷониби беҳтарин ҳунармандони шуъбаи фарҳанги вилоят ва санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ Нобовар Чиноров ва Хайёми Хаёлбек манзури ҳозирин гардонда шуд, омадааст дар иттилоия.