ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Созмони илмӣ, омузиши фарҳангии Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО тасмим гирифтааст пружаи ҳифозат аз осори торихии Бомиёнро аз сар бигирад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Рӯзномаи ҳунар ба нақл аз Лудо ҳамоҳангкунанда барномаи ҷомеъи роҳбурдӣ Бомиён Мирлоу навишт, ки иҷрои пружаи ҳифозат аз мироси фарҳангии Бомиён ба ҳифозат аз мироси фарҳангии Афғонистон суботи иқтисодӣ дар минтақа кумак мекунад.
Пружаи чанд миллион долларии ҳифозат аз осори торихии Бомиён, ки бо ҳимояти молии кишвари Италия оғоз ба кор карда буд, ба дунболи қудрат гирифтани толибҳо мутаваққиф шуда буд.
Ба гузориши рӯзномаи ҳунар дар конфаронсе, ки ахиран дар Донишгоҳи Флоранси Италия баргузор шуд, вазорати хориҷаи Италия эълом кард ин кишвар тасмим гирифтааст ба ҳимояти молӣ аз пружаи Бомиён идома диҳад.
Пружаи ЮНЕСКО бар ҳифзи сахраҳое, ки бахше аз осори торихии Бомиён аз ҷумлаи пайкараҳои вайроншудаи Будо ва мағораҳҳои пуршуморро дар худ ҷой дода ва ҳамчунин бар муҳофизат аз шаҳри бостонии Ғулғула мутамарказ хоҳад буд .