ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Муштзани шикастнадидаи тоҷику русиягӣ, Шавкат Раҳимов дар набард бо Ҷо Кординаи бритониёӣ дар вазни сабуки IBF унвони қаҳрамонии худро ҳифз карда натавонист.
Ин сабқат, ки дар Кардифф, ватани Кордина баргузор шуд, бо қарори тақсими доварон - 111-116, 115-112, 113-114 ба суди мизбон анҷом ёфт.
Дар ибтидои набард Раҳимову Кордина мудофиаи ҳамдигарро зарфиятҳоро месанҷиданд. Муштзани тоҷик рақибро таҳти фишор қарор дошт.
Дар даври дуюм Кордина ба хуҳум гузашту Раҳимовро ба нокдаун фиристод, аммо муштзани тоҷик зуд ба по хесту омодагияшро барои идома нишон дод.
Дар натиҷаи 12 даври мусобиқа доварон хулосаашонро ба суди варзишкори бритониёӣ эълон намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Раҳимов нахустин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон мебошад, ки ин унвонро дар вазни нимсабуки дуюм дар риштаи IBF соҳиб гардида буд
Раҳимов қаблан дар Абу-Дабӣ, рақиби бритониёияш Зелфа Берретро шикаст дода, ин унвонро соҳиб гардид.
Ҳамин тариқ, Раҳимов дар 19 сабқати касбӣ ҳамагӣ як шикаст дошта, 17 бор ғолиб омада, танҳо як набардро бо мусовӣ анҷом додааст.
Шавкат Раҳимов 14 августи соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Дар нимаи аввали соли 2010 дар ҳайати дастаи бокси Тоҷикистон ширкат карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолибу ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалии ҳаваскорон буд.
Вай инчунин собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба чемпиони IBF (2019-2021) ва қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF дар вазни нимсабук (2017-2019) мебошад.