Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Василаи фишор: Миллиардери рус тақдири долларро дар 5 соли оянда эълон дошт

Иддао мешавад, ки дар пайи таҳримоти густурдаи кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА ва истифодаи доллар ҳамчун василаи фишор, мавқеи ин пул заиф шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Доллар пас аз 5 сол дар ҷаҳон мавқеи пули ҳукмронро аз даст хоҳад дод, изҳор дошт миллиардери рус Олег Дерипаска.
Соҳибкор дар саҳифааш дар Telegram навишт, агар 5 - 7 сол пеш гегемонияи пули Амрико дар ҳисоббаробаркуниҳо ва муомилоти молии ҷаҳонӣ комилан бебаҳс менамуд.
"Аммо ҳоло, пас аз аз он, ки ин бартарият ҳамчун силоҳи қасос алайҳи норозиҳо, ки бидуни ҳеҷ гуна арзёбии ҳуқуқӣ истифода шуд, ин ҳукмронӣ ба зудӣ ба поён мерасад", - навиштааст Дерипаска.
Миллиардери рус иброз дошт, ки пас аз панҷ сол ҷаҳон мутавозинтар мешавад ва ҳисобҳо диверсификатсия мешаванд. Дар аввал ин метавонад душвориҳои муайян дошта метавонад, аммо он аллакай ҷаҳони бе гегемон хоҳад буд", - бовар дорад соҳибкор.
Зарба ба худиҳо: Кремл гуфт, таҳримҳо ба зарари кист
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар пайи амалиёти низомӣ ва таҳримҳои густурдаи ғарбӣ, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ таъкид намуда буд, ки доллар ҳамчун пули асосӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо мавқеашро аз даст дода истодааст. Ин корро ғарбиҳо бо дасти худ карда истодаанд, изҳор дошт ӯ.
Дар Русия ва кишварҳои ИДМ низ тайи солҳои охир зимни додугирифти мол ҳисобаробаркуниҳо бештар аз пулҳои миллӣ, аз ҷумла рубл сурат мегирад.
Дар сурати дуруст ба роҳ мондани сиёсати молиявӣ рубли русӣ имкон дорад ҷойгузини доллар шавад ва ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл метавонанд ба рушди иқтидорҳо ва содироти технологияҳои баланд дар Русия, мусоидат намояд, гуфт ахиран масъули Бонки ҷаҳонӣ, Роман Маршавин.
Ба гуфтаи коршинос, яке аз шартҳои асосии ин пасттарин сатҳҳои қарзи давлатии Русия дар ҷаҳон ва мувозинати мусбати тиҷоратӣ, инчунин устувории низоми сиёсӣ мебошад.