Вокуниши вазорати хориҷаи Русия ба ихроҷи дипломатҳои русӣ аз Олмон

Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия вобаста ба ихроҷи дастаҷамъонаи дипломатҳои рус аз Олмон дар бораи ихроҷи без аз 20 дипломати олмонӣ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова, ба Sputnik гуфт, ки беш аз 20 дипломати олмонӣ аз Русия ихроҷ мешаванд.
“Беш аз 20 дипломати олмонӣ Русияро тарк мекунанд", - гуфт ӯ.
Пеш аз ин вазорати хориҷаи Русия гузориш дода буд, ки Берлин дар бораи ихроҷи дастаҷамъии дипломатҳои рус тасмим гирифтааст.
Бино бар ин эъломи вазорати хориҷаи Русия, мақомоти олмонӣ сиёсати тахриби равобити дуҷонибаро дунбол мекунанд.
Маскав дар посухи тасмим ба ихроҷи дипломатҳои олмонӣ аз Русия гирифтааст, сафири Олмон қаблан огоҳ шудааст.
Олмон зимистони оянда ба норасоии газ рӯбарӯ мешавад
Чанде пеш вазорати умури хориҷаи Русия хабар дода буд, ки мақомоти Олмон дар мавриди ихроҷи дастаҷамъии дигаре аз кормандони намояндагиҳои дипломатии Русия дар Олмон тасмим гирифтаанд.
“Мо ин иқдомоти Берлинро, ки ҳамчунон бо саркашӣ ба тахриби кули маҷмуъаи равобити Русия ва Олмон аз ҷумлаи абъоди диплумотики онҳо идома медиҳад, ба шиддат маҳкум мекунем", - гуфт вазорати хориҷа.