Эълони толибҳо аз пирӯзӣ ба коррупсия дар Афғонистон

Ҳукумат феълии Афғонистон шаҳрвандонро бо анҷоми моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт ва дар бораи зиндагии хуб дар кишвар дар замони толибҳо суханронӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сарвазир Мухаммадҳасан Охунд дар паёме ба муносибати иди Фитр гуфт, хукумати толибҳо* ба решакан кардани фасод дар Афгонистон муваффак шуд.
"Фасод ва тасарруф дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ аз байн рафтааст ва дарҳои [роҳбарияти] Иморот ба рӯи тамоми мардуми Афғонистон боз аст", - гуфт сиёсатмадор.
Ғайр аз ин дар мурочиатнома гуфта мешавад, ки ҳокимони имрӯзаи кишвар тавонистанд амнияти тамомии Афгонистонро таъмин намоянд ва “тамоми накшахои маккоронаи душманонро барбод диханд”.
Буҳрони ғизои дар Афғонистон ба марзи фоҷеа расидааст
Ба табрикот сардори Ҳибатулло Охундзода хамрох шуд ва гуфт, ки толибҳо* ба корҳои дохилии дигар давлатҳо дахолат карданӣ нестанд ва изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои дигар нисбат ба Афғонистон ҳамин тавр рафтор кунанд.
Вай аз мақомдорони толибҳо* даъват кард, ки одилона амал кунанд ва аз ҳар гуна амалҳои бадномкунанда даст кашанд.
* - Толибҳо барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор доранд.