Тоҷикистон миёни панҷ кишварест, ки барои гардишгарони рус писанд аст

Хариди чиптаҳо ба Аврупо аз 0,7% то 0,5% коҳиш ёфт, аммо теъдоди нафароне, ки ба кишварҳои ИДМ сафар мекунанд, баръакс, қариб ду баробар афзудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Тоҷикистон ба феҳрасти маъруфтарин самтҳои сайёҳии русҳо, ки тавассути ҳавопаймо мераванд шомил шудааст.
Дар ин бора хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба як пажӯҳиши ширкати "Сравни" ва самти "Чиптаҳои ҳавопаймо"-и сомонаи “Туту” хабар додааст.
"Ба панҷгонаи беҳтарин кишварҳое, ки сайёҳони мустақил дар нимаи аввали соли 2023 сафар кардаанд, кишвари Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дохил шуданд", - гуфта шудааст дар ин пажуҳиш.
Дар ин замина хариди чиптаҳо ба Аврупо аз 0,7 фоиз то 0,5 фоиз коҳиш ёфт, аммо ҳиссаи нафароне, ки ба кишварҳои ИДМ сафар мекунанд, баръакс қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.
Гардишгарони хориҷӣ бештар меоянд: тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ
Қаблан дар семоҳаи аввали соли равон ҷумҳурӣ низ маъмултарин самти парвоз аз Маскав буд.
Қариб 14,5 дарсади шаҳрвандони Русия, ки аз фурудгоҳҳои пойтахт ба хориҷ парвоз мекунанд, ба Тоҷикистон сафар кардаанд.