Раҳимзода: Бештарамон шеър мегӯем ва фикр мекунем, ки бо ҳамин бузургем

Собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири иқтисоди Тоҷикистон, бар он аст, ки рушди иқтисоди кишвар аз потенсиали тоҷикон вобаста аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Шариф Раҳимзода, собиқ раиси Бонки миллӣ, ҳоло директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дар суҳбат бо pressa.tj таъкид кардааст, ки дар дунё ҳоло раванди ҷаҳонишавӣ аст.
Ба гуфтаи вай, технологияи муосир бо суръати баланд пеш меравад.
"Яъне, мо ҳам ба рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ сахт пайвандем. Чунки хоҳем, нахоҳем, ин ба мо таъсир мерасонад. Рушди иқтисод низ ба потенсиали мо вобаста аст”, қайд кард оқои Раҳимзода.
Вай илова кард, ки аз як тараф, ҳамчун миллат ҳамин шеър моро куштааст.
"Аз ҷониби дигар, мо миллате, ки решаамон боқувват аст. Аз ҷиҳати ирсият боқувватем. Чунки то математик набошед, шоир намешавед. Мо метавонистем, ки ҳама физик ё математик шавем, лекин шароиту имконият даст надод. Ҳама шоир шудем. Бештарамон шеър мегӯем ва фикр мекунем, ки бо ҳамин бузургем”, - таъкид кард вазири пешини иқтисод.
БРАО: Тоҷикистон яке аз пешсафон дар рушди иқтисод аст
Шариф Раҳимзода илова кард, ки барои рушди иқтисод Тоҷикистон бояд тинҷу ором бошад ва мо эмин бошем, меҳнат кунем ва созем.
“Ман ҳамавақт дар охири ҳар баромад шиоре дорам: Мо як давлате созем, ки дар он шароити беҳтар барои наберагон бошад. Онҳо ба шароит нигоҳ карда, мақсад мегузоранд, ки дар куҷо кору зиндагӣ кунанд. Бубинед, имрӯз ҳама чашм ба Русия ё Амрикову Аврупо доранд. Зеро мебинанд, ки дигарон мераванд. Ҳарчанд мо дар он ҷо хизматгорем”, - гуфт ӯ.