Иштироки 25 варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, ки дар Самарқанди Ӯзбекситон баргузор мешавад, иштирок доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Аз 22 апрел то 1 май дар шаҳри Самарқанди Узбекистон Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, иттилоъ додааст sports.tj.
Дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар чемпионат дар макони баргузории мусобиқот ба ҷамъомади машқӣ-варзишӣ фаро гирифта шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 25 варзишгар (19 писар, 6 духтар) муаррифӣ хоҳанд кард.
Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ дар Душанбеву Варзоб
Аз ҷумла Тоҷикистонро Юнусхуҷа Сафаралиев, Ислом Носиров, Муҳсинхуҷа Раҳматов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Фирдавс Шарипов, Комрон Шакаров, Саидхуҷа Қодиров, Азизҷон Ҳайдаров, Ҷалолиддин Собиров, Шуҳрат Шакаров, Абдурасул Ҳаитов, Иброҳимҷон Қаҳоров, Амирҷон Бобоҷонов, Бобоҷон Бобоҷонов, Умар Рустамов, Ҷавоҳир Эргашев, Тимур Ёлкин, Собир Муродов, Салмон Валиев, Зумрат Пирназарова, Комила Пирназарова, Снежанна Гостева, Гузал Салимова, Анора Лагутенко ва Нозияхон Муҳиддинова намояндагӣ мекунанд.
Қайд карда шудааст, ки ҳайатро роҳбари даста Зоҳирҷон Набиев, мураббиён Нурмуҳаммади Тоҳир, Азиз Бобоҷонов, Александ Лагутенко, Абдусаттор Ғафуров, Олим Қодиров ва Ҳасан Шарипов ҳамроҳӣ мекунанд.