Ғанӣ: Раҳбарони толибҳо ба сарватмандтарин афроди Афғонистон табдил шудаанд

Раисҷумҳурии пешини Афғонистон дар паёми идонааш гуфт, ки раҳбарони толибҳо ба сарватмандтарин афрод дар таърихи ҳаракатҳои ёғӣ мубаддал шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Раисҷумҳури пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ ахиран дар паёми табрикии иди саиди Фитр ба мардуми Афғонистон гуфт, ки дар ҳоле ки фақри умумӣ кишварро фаро гирифтааст, сарвати раҳбарони Толибон ҳамроҳ бо рабудани ғайриқонунии авоиди миллӣ, аз қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир фароҳам шудааст.
Ӯ толибҳоро гурӯҳе номид, ки "ба номи дини Ислом мардумро ба гаравгон гирифтаанд".
Ашраф Ғанӣ гуфт, вазъияти башарӣ дар Афғонистон рӯ ба вахомат меравад ва танҳо кумакҳои башардӯстона пеши як буҳрони инсониро гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҳасани Охунд, раиси ҳукумати толибҳо дар паёми табрики иди Фитр толибҳоро "як низоми ходими миллат" хонд ва гуфт, ободӣ, бозсозӣ ва худкифоии кишвар аз авлавиятҳои ҳукумати Толибон аст.
Залмай Халилзод: Ғанӣ ҳушдорҳои маро нодида гирифт
Ин дар ҳолест, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, ки ба муборизаи мусаллаҳона бо толибҳо рӯ оварда, дар паёми иди Фитр хитоб ба мардуми Афғонистон гуфт, ки ин вазъияти фалокатбор ба ҳар мизон идома ёбад, ба ҳамон мизон сатҳи машруияти муборизоти озодихоҳонаи мо ва мардуми моро дар баробари ин гуруҳ бештар мекунад.