ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Артиши Украина миқдори зиёди аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро дар шаҳри Бахмут партофта ақибнишинӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба як сарбози гурӯҳи “Вагнер”.
Ба гуфтаи ӯ, дар мавқеъҳои қаблии артиши Украина силоҳҳои гуногун, аз ҷумла мошиндори амрикоӣ мавҷуд аст, ки низомиёни Русия барои худ мегиранд.
"Украина моро бо силоҳи махсус таъмин мекунад, ҳама чиз кофӣ аст", - гуфт мусоҳиби агентӣ.
Илова бар ин, дар байни муҳимоти ҷангӣ, ки артиши Украина ҳангоми ақибнишинӣ партофтааст, бештар нишонаҳо ва рамзҳои фашистӣ дида мешавад.
"Эҳтимол, онҳо мехоҳанд, моро тарсонанд, то нишон диҳанд, ки онҳо қудрат доранд", - шарҳ дод як сарбози гурӯҳи “Вагнер”.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Маврид ба зикр аст, ки чанд вақти охир нерӯҳои гурӯҳи "Вагнер" қувваҳои украиниро аз маҳаллаҳои марказии Артёмовск ба ғарб тела дода истодааст. Даргириҳои асосӣ барои роҳи оҳани ин шаҳр сурат мегиранд.
Артёмовск дар шимоли шаҳри калони Горловка вокеъ буда, нерӯҳои Украина бо ҳар қимат талош доранд, ки онро ҳифз намоянд.
Шаҳри мазкур маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс ба шумор меравад. Дар Украина гузинаи қаблазинқилобии номи шаҳр, ки Бахмут буд, расман қабул карда шудааст.
Таъкид мешавад, ки бештар аз 6 мооҳ аст, ки барои ин шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.