ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Сафорати Эрон дар Маскав ахиран эълом кард, ки Довуд Дониш Ҷаъфарӣ, раиси Сандӯқи тавсеаи ҳамлу нақли Эрон дар сафар ба Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо ду созмонро имзо кард, ки ба муҷиби он равобити Эрону Русия дар ҳавзаи тронзит ва тиҷорати тақвият ва густариш меёбад.
Дар баёнияи канали телеграми сифорати Эрон дар Маскав омадааст, ки дар ҷараёни сафари оқои Ҷаъфарӣ ба Русия тафоҳумномаи ҳамкории се ҷониба байни сандуқи тавсеаи ҳамлу нақли Эрон, Шӯрои ҳамоҳангии байналмилалии ҳамлу нақли АвруОсиё ва Маркази тиҷории тавсеаи иқтисодии кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ба имзо расид.
Ба гуфта сифорати Эрон дар Маскав, тарафайн тафоҳумнома барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат, трафики тронзитӣ ва колоҳои захирашуда дар анборҳо дар масирҳои долонҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ба вижаи долони ҳамлу нақли шимол - ҷануб бо якдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Аз дигари аҳдофи имзои тафоҳумномаи табодули иттилоот ва эъзоми мутахассисон ва ҳамчунин иҷрои пружаҳои муштарак аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Эрону Русия баъд аз оғози амалиёти вижа ба хусус баъд ҷори кардани таҳримҳо аз сӯйи кишварҳои Ғарб такони ҷиддӣ хурданд ва рушди равобит пайваста ба назар мерасад.