Сухангӯи СММ: Шиносоии расмии толибҳо фақат дар салоҳияти давлатҳост

Сухангӯии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард ки ин Созмон барои ба расмият шинохтани ҳукумати толибҳо ройзанӣ намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Стефани Дюжарик гуфт, ки танҳо давлатҳои узви Созмон милал метавонанд дар маврид ба расмият шинохтани толибҳо тасмим бигиранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Пеш аз ин муовини дабири кулли Созмони Милали Омина Муҳамад дар донишгоҳ Пристен гуфта буд, ки дар ҷаласаи дабири кулли Созмони Милал бо намояндагони хоси кишварҳо барои Афғонистон бар сари роҳҳои ба расмият шинохтани толибҳо баҳс хоҳад шуд.
Ӯ гуфт ки кишварҳои ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештарии авзоъ дар Афғонистон бояд дар бораи масъалаи шиносоии расмии толибҳо баҳс кунанд.
Буҳрони ғизои дар Афғонистон ба марзи фоҷеа расидааст
Бо ин ҳол оқои Дюжарик сухангӯии СММ дар конфаронси матбуотӣ таъкид кард, ки Созмони Милал салоҳият ба расмият шинохтани толибҳоро надорад ва таъкиди мо бар таъомул бо толибон ба маънои лобӣ кардан барои ин гуруҳ нест.
Вай афзуд, ки дабири кулли СММ дар пойтахти Қатар бо намояндагони кишварҳо дар пушти дарҳои баста дидор хоҳад кард, то барсари дастёбӣ ба рӯйкарди ҳамоҳанг ва дидгоҳии муштарак дар мавриди Афғонистон бо онон гуфтугӯ кунад.
Дюжарик гуфт, ки Антонио Гутерриш тарафдори “рӯйкардии амалгроёна ва усулӣ, тавъам бо инъитофу сабри роҳбурдӣ” дар баробар толибҳо аст .