ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ба поён расид, мардуми кишвар ҷашни деринтизорро таҷлил карданд.
Тибқи ҳисобҳои илмӣ, Иди Фитр дар саросари Тоҷикистон имсол ба рӯзи ҷумъаи 21 апрел рост омад.
Мутобиқи анъана дар ин рӯз диндорон наздикону пайвандонро бо анҷоми рӯза табрик гуфта, дар масҷидҳои кишвар намози идӣ мехонанд. Он соати 06:30 ба вақти маҳаллӣ доир шуд.
Гурӯҳҳои калони калонсолон ва кӯдакон ба назди дӯстону пайвандон рафта, шодии ҷашнро ба ҳама тақсим мекунанд ва дар сари дастархони идона менишинанд.
Дар Тоҷикистон Иди Фитр рӯзи ғайрикорӣ аст ва аз ин рӯ, дари хонаҳо бидуни истисно ба рӯи ҳама меҳмонон – ҳамсояҳо, ҳамкорон, дӯстону наздикон боз аст.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ мардумро бо фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ёдовар шуд, ки ин рӯйдодро бояд бо амалҳои нек ва накӯӣ, бо шодии зиёд ва умед ба ояндаи дурахшон пешвоз гирифт.
"Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиямонро аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар як оила, ба ҳар як сокини Ватанамон саломатӣ, сулҳу оромӣ, фаровонӣ ва дар корҳои хайру савоб комёбӣ таманно дорам", - гуфт президент.
Бояд қайд кард, ки Иди Рамазон ё Иди Фитр дар кишвар бештар аз се рӯз давом мекунад.