Эрон исботи кӣ будани падари ДОИШ*-ро пешниҳод кард

Вазорати корҳои хориҷии Эрон, изҳороти Роберт Кеннедии хурдиро тасдиқи дигар донист, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоӣ падари ДОИШ* мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Изҳороти Роберт Кеннедии хурдӣ, ки "ИМА бунёдгузори ДОИШ* аст" таъйид кард, ки падари ин гуруҳ кист, изҳор дошт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Носир Қонунӣ.
Ӯ ин нуктаро дар саҳифааш дар Twitter баён дошта, афзуд, қаблан низ дар ин шакке набуд.
"Дар ин ки ИМА бунёдгузори ДОИШ* аст, ҳеч шакке набуд, аммо барои онҳое, ки дидаву дониста ба ҳақиқат чашм мепӯшиданд, изҳороти Роберт Кеннеди далели дигар аст", - изҳор дошт намояндаи ВУХ ЭРон.
Ӯ зикр намуд, ки Кеннедии хурдӣ, ки довталаби курсии президентӣ дар ИМА мебошад, эътироф кард, ки кишвараш созандаи ДОИШ* аст.
Рӯзи 19 апрел Роберт Кеннедии хурдӣ, ки ҷияни президенти 35-уми ИМА, Ҷон Кеннедӣ мебошад, расман дар бораи иштирокаш дар интихоботи раёсатҷумҳури кишвараш эълон дошт.
Писари 69-солаи бародари хурдии Ҷон Кеннедӣ довталаб шудааст, ки номзадияш аз ҳизби демократии ИМА пешниҳод ба курсии роҳбари давлат гардад.
Муҷоҳид: ҳеч гурӯҳи террористӣ ба ғайр аз ДОИШ* дар Афғонистон фаъолият надорад
Роҳбари феълии ИМА, Ҷо Байден низ намояндаи демократҳо мебошад, эълон карда буд, ки дар интихоботи ояндаи ИМА иштирок хоҳад кард.
Қаблан иддао расонаӣ шуда буд, ки Байден ба далели синнаш наметавонад аз уҳдаи роҳбарии давлат барояд, аммо худи ӯ ва атрофиёнаш мегӯянд, дар ҳолати хуби беҳдоштӣ қарор доранд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар