Дар Турсунзода аксияи байналмилалии “Боғи хотирот” баргузор шуд - видео

Дар саросари ҷаҳон аксияи байналмилалии "Боғи хотира" оғоз шуд, ки ҳадафи он шинондани 27 миллион дарахт ба хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад
Sputnik
“Боғи хотирот” – ин як ҳаракатест, ки садҳо ҳазор одамони ғамхорро дар тамоми ҷахон дар атрофи гиромидошти хотираи нафароне, ки дар набард барои озодӣ кушта шудаанд, муттахид менамояд.
Илова бар ин, ин чорабинӣ инчунин ба ҳалли мушкилоти таъхирнопазири соҳаи экология – кабудизоркунии шаҳру навоҳии шаҳракҳо, барқарор кардани дарахтзорҳои ҷангал ва кам кардани партоби гозҳои гулхонаӣ, нигаронида шудааст.
“Боғи хотирот” дар Турсунзода ҳамоиш ба хотири куҳансарбозон чӣ гуна гузашт – акс
20 апрели соли 2023 дар шаҳри Турсунзода ба ин иқдом ҳамроҳ шуд. Дар ҳудуди мактаби нави русию точикӣ ба номи Менделеев зиёда аз 50 бех ниҳоли сафедор шинонда шуд.
Дар чорабинӣ кормандони “Русский дом”, мактаббачагон, собиқадорони маҳаллӣ, низомиёни пойгоҳи 201-и Русия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуданд.