ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.
Вай гуфт, ки ба ҷуз ин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиёти 153 аломати роҳ насб карда шудаст.
Ба иттилои Нусратулло Ҳақназаров барои таъмири роҳу пулҳо дар мувозинаи Муассисаи давлатии “Хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” ва идораҳои зертобеъи он 113 адад техникаи роҳдорӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар ноҳияи Кӯшониён бештар аз 178 километр роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуданд, ки 60 дарсади онҳо ба таъмир ниёз доранд.
Мақомот афзуд, ки дар баробари роҳ ҳамчунин 40 адад пулҳои мошингузар низ бояд таъмир шаванд. Ҷамъан дар ин ноҳия 80 пули мошингузар мавҷуд аст.