Дар Хуҷанд гази моеъ арзон шуд

Ронандагон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ маҳалӣ поинравии нархи гази моеъро ба қайд гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд нархи гази моеъ поин рафтаст, иттилоъ додааст хабаргузории “Sugdnews”.
Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд қимати ин навъи сӯзишворӣ 20 дирам поин рафтааст.
Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ коҳишёбии қимати газро ба ҳаҷми зиёд ворид шудан ин навъи маводи сӯхт рабт медиҳанд.
Дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳоли ҳозир як литр гази моеъ бо нархи 3,80-3,90 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Гази моеъ дар шимоли Тоҷикистон арзон шуд
Дар ҳоле, ки як рӯз пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ 4-4,10 сомониро ташкил медод.
Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳр бетағйир боқӣ мондааст. Ҳамин тариқ, бензини навъи АИ-92 - 8 сомонӣ, АИ-95 - 8,40 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 ҷаҳиши якбораи қимати тамоми навъи сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи омор, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.