ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Панҷакент дар пайи истеъмоли "консерва" чаҳор узви як хонадон заҳролуд шудаанд, ки ду танашон ба ҳалокат мерасанд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Таджикистан хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 15 апрел дар деҳаи Некноти панҷакент рух медиҳад.
"Он шаб модар зодрӯз доштаасту ош мекунад ва аҳли оила онро бо "консерва" истеъмол мекунанд, ки заҳролуд шудаву ба бемории ҳасибак (ботулизм) дучор мешаванд", - афзуд манбаъ.
Дар натиҷаи заҳролудшавӣ ду кӯдаки 9 ва 12-сола, яке дар роҳу дигаре дар беморхона ҳалок мешаванд. Дигар аъзои хонавода, модари 52-сола ва кӯдаки 13-солааш дар ҳолати вазнин дар шуъбаи наҷот қарор доранд, афзуд манбаъ.
Дафтари матбуоти вазорат мегӯяд, ин хонавода дер ба табибон муроҷиат кардаанд, ки сабаби марги ду тан мешавад.
Гуфта мешавад, ки онҳо дар аввал инро як дарди гузаранда гумон мекунанд, ки рафъ хоҳад шуд, аммо пас аз муоинаи табиби оилавӣ заҳролудшавии онҳо ошкор ва ба беморхонаи шаҳрӣ равон карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ҳодисаи заҳролудшавию фавт дар як оила дар пайи истеъмоли "консер" нест.
Чунин ҳодиса дар охири моҳи ноябри соли 2022 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дода буд, ки он замон 8 тан заҳролуд шуда ду тани онҳо фатида буданд.