Defender-23: Омодагии НАТО ба ҳамла ҷавобии артиши Украина ва шиддати низоъ бо Русия

Дар сурати нокомии артиши Украина, мустақар намудани стратегии неруҳои ИМА ва НАТО метавонад ба ҷангии бевоситаи НАТО ва Русия табдил ёбад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Машқҳои доманадори Defender-23-и артиши ИМА дар Аврупо бо ҷалби амалии хамаи кишварҳо-иттифоқчиёни НАТО бо “зарбахои ҷавобӣ”-и баҳоронаи қувваҳои мусаллаҳи Украина, ки амрикоиён 30 апрел “таъин” намудаанд, тасодуфан рост намеояд.
Дар ҳолати нокомии ҳуҷумҳои низомиёни украинӣ, эҳтимолияти баланд ҷой дорад, ки ҷойгиркунии стратегии қӯшунҳои ИМА ва НАТО метавонад ба дастгирии фаврии режими киевӣ, ва ба низои бевоситаи ҷангии НАТО бо Русия табдил ёбад.
Дар қаламрави 10 кившари Аврупо рӯзи 22 апрел машқҳои низомии доманадори думоҳаи Defender-23-и Артиши Амрико бо иштироки 9 ҳаз. нафар аскарони амрикоӣ гузаронида мешаванд. Ҳадафҳои расман эълон намудаи машқҳои Defender-23 - тасдиқи кобилияти қувваҳои мусаллаҳи ИМА ба таври таъҷилӣ ҷойгир намудани қӯшунҳо ва техникаи қобили ҷанг барои "боз доштани онҳое, ки ба сулҳ дар Аврурпо тахдид доранд, ва тарзи ҳимояи китъа аз таҷовуз" гуфта мешавад.
Пештар, дар зовияи ҳодисаҳои украинӣ (ҳайати наҷиби ҳимоятгарони амрикоии Аврупо) то ба 100 наф. хизматчиёни ҳарбӣ расонида шуд. Дар чунин ҳолатҳо чиниёни хирадманд мегӯянд: "Ба паланги гул бӯида истода бовар накун, ки вай ба ҷаҳидан омодагӣ мебинад"
ВУХ: Русия бо НАТО ва Украина танҳо мубориза мебарад
Дар як вақт гузаронида шудани Defender-23 ва “зарбаи ҷавобӣ”-и баҳории қувваҳои мусаллаҳи Украина шубҳанок метобад.
Бар замми ин Конгреси ИМА лоиҳаи қатънома дар бораи иҷозат додан ба расонаӣ намудани теъдоди аскарони арикоии дар Украина амал намуда истодаро дарҷ намуданд.
Ҳамзамон, ИМА ва НАТО интиқоли яроқу аслиҳаро ба режими киевӣ идома дода истодаанд. Ҷаласаи навбатии гурӯҳи тамос оид ба дифои Украина (намояндагони 50 давлати “донор”) 21 апрел дар пойгоҳи низомии Рамштайн дар Олмон – таҳти сарварии вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин ва роҳбари Ситоди муттаҳидаи сардори ситодҳо Марк Миллӣ - баргузор мегардад.
Мавзӯи асосӣ барои мубоҳиса –зиёд намудани интиқоли яроқу аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш, воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва тайёраҳои зарбазан – бештар МиГ-29 ба Украина буд. Киев боисрор қиркунандаҳои натогӣ мепурсад, аммо интиколи F-16-ро Вашингтон чун пештара дида намебарояд. Ё ки барои "рӯзи сиёҳ"-и артиши украинӣ, ки аллакай наздик аст, нигоҳ медорад.

Тактикаи шадид

Таҳлилгарони ҷиддии ғарбӣ чунин меҳисобанд, ки 24 соати аввали “зарбаҳои ҷавобӣ” ҳалкунанда хоҳанд буд. Барои пешравии бештари "Drang nach Osten" борути қувваҳҳои низомии Украина намерасад.
Орбан: Украина кишварест, ки вуҷуд надорад
Дар Пентагон тарс доранд, ки бе воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии хуб “зарбаҳои ҷавобӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина метавонанд шикаст хуранд, хубашро бошад НАТО надорад. Барои мисол, маҷмӯи мушакиву зенитии афсонавии амрикоии Patriot дар 40 соли (дар кишварҳои мухталиф) мавриди истифода буданаш ягон тайёраи душманро назадааст.
Бар замми ин, иқтидори маҷмӯи мушакиву зенитии нисбатан замонавии (таҷрибавии) IRIS-T ва NASAMS ноаён аст. Русия ҳарими ҳавоии театри амалиёти низомии Украинаро боэътимод назорат дорад, бартарии чашмрас дар таъминот бо техникаи зиреҳпӯш ва маҷмааҳои оташандозӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол “манбаҳои огоҳ”-и ғарбӣ аз мантиқ дур хабари омодагии ИМА ва НАТО ба "тактикаи шадид"-и артиши Русия бо сабаби “зарбаҳои ҷавобӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украинаро мерасонанд. Зарбулмасали русӣ садо медиҳад: ”Кулоҳи дузд сӯхтан дорад”
"Тактикаи шадид"-и бофтаву қалбакии артиши Русия не, балки машқҳои Defender-23 метавонанд сабабгору воситаи ғарқшавии Аврупо ва Амрикои шимолӣ ба қиёмати ядроӣ гарданд - дарҳол пас аз торумори низомиёни украинӣ ва кӯшишҳои натогии ҷорӣ намудан “тартибот” бо зӯрии (“амалиётҳои сулҳхохона”) натичаҳои бадастомада.
Президенти Куба Амрикоро дар барангехтани низоъ дар Украина муттаҳам кард
Тахмин мезанам, ки дар ИМА ва НАТО ибораи дӯстдоштаи Наполеонро дар соли 1812 фаромӯш намудаанд: "du sublime au ridicule", яъне ки аз “ҳукмрон то покемон (бозича-махлуқоти хаёлӣ) –як қадам роҳ”.
Дар 78 соли гузашта амрикоиҳо ва иттифоқчиёнаш ташаббускори оғози беш аз 200 низоҳои ҷангӣ буданд, ва ними сайёра - 120 давлатро бомбаборон карданд.
Ғарби дастҷамъӣ бо амалҳои худ оташи ҷанги низои Украинаро афрӯхтанд, истодагарона ба тезу тундшавии вазъият бо интиқоли яроқ кӯмак мерасонад, режими киевиро маҷбур месозад, ки “то охирин украинӣ” ҷангад, хатари баромадани ҷангҳои театри амалиёти низомӣ аз қаламрави Украинаро ба миён меоранд.
Конгресси Амрико 17 апрел қатъномаи таҳдидомезро дар бораи масъулияти ФР барои бесарнишини MQ-9 Reaper қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА, ки моҳи март дар соҳилҳои Қрим нобуд карда буд, қабул намуд. Ва пас аз ин Ғарб кӯшиши Маскавро барои “истифодаи долхоҳ восита” айбдор намуданро дорад (яқинан, гап дар бораи яроқи тактикии ядроӣ меравад).
Ба пешвоёни мағрур ва маҳдуди ИМА ва дигар давлатҳои НАТО (ки дар қаламрави онҳо 12% аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад) вақти он расидааст, ки дарк намоянд: Русияи мустақилу пуриқтидор ҷараёни таърих, сарҳадҳои амнияти миллӣ, сатҳи технологӣ ва ҳаҷми саноати ҳарбӣ, фаъолнокии амалиётҳои низомӣ, воҳиди бузургии яроқу аслиҳаи истифода мебурдааш, замон ва макони мағлуб кардани душманро мустақилона муайян менамояд.
Расонаӣ шудани "сир"-и Пентагон – сафедкунии шикасти "ҳамлаи ҷавобӣ”-и артиши Украина аст
Дар акси ҳол – пас аз далелу бурҳони котеъ ва ”дандони аждаҳор”- дар театри амалиёти низомии украинӣ – бозгашт ба воқеияти ҷаҳони бисёрқутба метавонад аз ҳад беҳад дардовар бошад.
Вазири мудофиаи Британия Бен Уоллес имрӯз дар Вашингтон эълон дошт, ки низоъ дар Украина дар соли оянда низ идома хохад ёфт, бояд мулоҳизакор бошем ва интизори "як лаҳзаи афсунгарона, ки Русия худаш фурӯ равад", нашавем.
Дар ҳақиқат ҳам ,руйдодҳои таърихии асрҳои пеш (ҳамчунин Карли XII-ум, Наполеони III-юм ва Гитлер) гувоҳанду гӯшона мезананд: зудтар аз ҳама "лоиҳаи украинӣ", ва дар маҷмӯъ - иттифоқи низомии НАТО фурӯ рафта метавонад.