Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Азаров: Украинаро зарур меояд, пулҳои додаи Ғарбро баргардонад

Қарзи давлатии Украина то охири сол метавонад ба ҳадди рекордӣ расаду марзи 173 млрд доллари амрикоиро убур кунад, изҳор дошт сарвазири собиқи ин кишвар
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бисёре аз маболиғе, ки Украина аз Ғарб мегирад, қарз буда, ки кишварро зарур меояд, дер ё зуд онро баргардонад.
Ин нуктаро сарвазири собиқи Украина Николай Азаров баён дошта, нишондоди қарзро арзёбӣ намуд.
Қарзи давлатии Украина то охири сол метавонад ба ҳадди рекордии 173 млрд доллар афзоиш ёбад, гуфт Азаров.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди он, ки ин кишвар бахше аз кумакҳои Ғарбро дар шакли грант дарёфт мекунад, бештари маблағҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо маҳз қарзҳое мебошанд, бояд дер ё зуд баргардонида шаванд.
Дар аввали моҳи март қарзи давлатии кишвар ҳудуди 116 млрд долларро ташкил медод.
ВУХ: Русия бо НАТО ва Украина танҳо мубориза мебарад
Азаров ахиран таъкид карда буд, ки Украина бидуни таъминоти молию аслиҳа аз хориҷ дар зудтарин фурсат варшикаста хоҳад шуд.
Ахиран сарвазири Маҷористон Виктор Орбан, низ изҳор дошт, ки Киев кишварест, ки қудрати мавҷудияти мустақилро надорад.
"Дар воқеъ, Украина аз лиҳози молӣ як кишварест, ки вуҷуд надорад. Поин рафтани нишондодҳои иқтисодӣ хеле бузург аст", - гуфт ӯ.
Суол ин аст, ки оё Ғарб Украинаро маблағгузорӣ мекунад ё на, гуфт сарвазири Маҷористон.
Ба гуфтаи Орбан, муноқиша дар Украина замоне хотима хоҳад ёфт, ки ИМА ва Аврупо аз пуштибонии он даст кашанд.