Вазири дохилаи Туркия: Ҷаҳон аз Амрико мутанафир аст

Вазири умури дохилии Туркия дар бораи нафрати тамоми ҷаҳон ба Иёлоти Муттаҳида ва табдили Аврупо ба пиёдаашон изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Вазири умури дохилии Туркия Сулаймон Сойлу дар мулоқот бо ҷавонон дар Истанбул гуфт, ки Ҷаҳон аз Амрико мутанафир аст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Aydınlık”.
“Амрико аз даст додани обруи худро идома додааст, тамоми ҷаҳон ба Амрико нафрат дорад. Аврупо пиёдаи Амрико дар Африқо аст, хамаи кишварҳои Африқо ба давлатҳое, ки онҳоро истисмор мекунанд, нафрат доранд”, - гуфт вазири турк.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамин гуна мафҳум ҳамчун Аврупо вуҷуд надорад, нақши онро набояд муболиға кард.
"Амрико ҳаст. Аврупо як қатори корвони Амрико аст. Дар инҷо чизи хосе нест", гуфт ин мақоми аршади Туркия.
Сойлу қайд кард, ки раҳбарони Аврупо пайваста бадном мешаванд, аҳолӣ дар ҳоли пиршавӣ аст, Аврупо дар истеҳсолот мушкилотро пушти сар дорад.
ВКХ Эрон: Амрико масъули бесуботӣ дар Афғонистон аст
Вай таъкид кард, ки Ғарб дигар сохибихтиёрӣ надорад.
"Онҳо дигар соҳибихтиёрӣ надоранд, аммо онҳо талош мекунанд, ки одатҳои худро нигоҳ доранд. Туркия таърихро тағйир медиҳад. Ин интихоботҳоест, ки дар онҳо ин таърих комилан тағйир хоҳад ёфт. Барои ҳамин Амрико фишор медиҳад, Аврупо фишор медиҳад. Ироқ , ки ба гуфтаи Анкара, ҷангҷӯёни Ҳизби Коргарии Курдистони мамнӯъ дар ин кишвар пинҳон мешаванд дар ҳолати воҳима қарор доранд ва ҲКД фишор меорад. Ин интихоби Эрдуғон нест, ин интихоби ояндаи наслҳои Туркия аст. Интихоби истиклолияти комили Туркия", - гуфт вазир.
Интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар Туркия рӯзи 14 май таъйин шудааст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури феълӣ, ки ҳамчун номзади ягона аз Иттиҳоди ҷумҳурихоҳон пешниҳод шудааст, барои мақоми олӣ мубориза хоҳад бурд.