Таъсиси 35 корхонаву коргоҳи нав дар Суғд давоми се моҳ

Мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки давоми се моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо се ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст, гуфт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи фаъолони вилоят.
Раиси вилоят таъкид кард, ки дар давоми се моҳи гузашта дар миқёси вилоят алакай 35 корхонаву коргоҳи нав таъсис дода шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти виляти Суғд дар се моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 5 млрд. 893 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми сармояи ҷалбшуда ба Суғд эълон гардид
Таъкид шудааст, ки дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 1696,4 тонна равғани растанӣ, 8666,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 1809,8 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 2272,5 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шуд.
Мақомот қайд кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ 16,3%, нон ва маҳсулоти нонӣ 3,1%, консерваҳо 17,7%, нӯшокиҳои беспирт 22,2% таъмин гардидааст.