ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. УЕФА намехохад, ки Русия тарки пурраи ин иттиҳодия кунад, изҳор дошт дабири кулли Иттиҳодияи футболи ФР, Максим Митрофанов.
Ӯ ин нуктаро зимни шарҳи дурнамои гузариши Русия ба Конфедератсияи Осиё баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни музокира бо УЕФА масъалаи лағви маҳдудиятҳо баррасӣ мешавад, ки он ба сахтӣ идома доранд.
"Барои Иттиҳодияи футболи Русия барқарорсозии бозии клубҳо, дастаҳои ҷавонон ва албатта, дастаи миллӣ муҳим аст", - таъкид намудаст Митрофанов.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дастаи мунтахаби Русия аз ширкат дар мусобиқаи дӯстонаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) даст кашид.
"Мо ба CAFA номаи расмӣ фиристодем, ба ҳамкасбонамон изҳори сипос кардем. Як қатор мушкилоти ташкилӣ дорем. Маҷбур шудем, ки радд кунем. Мушкиле дар бораи афзоиши зарфияти кор ба бозигарон вуҷуд доранд", - гуфт Митрофанов.
Чемпионати CAFA аз 9 то 21 июн дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошканд баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа дастаҳои Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ин мусобиқа иштироки як тими дигари осиёӣ дар назар аст.