ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Аҳлиддин Турдиев ба вазифаи сармураббии дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шудааст.
Турдиев ба ин мақом баъди истеъфояш аз вазифаи сармураббии дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанберо таъйин шудааст.
Тими КМВА-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев 4 бозиро ба анҷом расонд, ки натиҷаи якеаш бохту аз 3 бозии дигар мусовӣ шуд.
Чунин натиҷаи корашро Аҳлиддин Турдиев ғайриқаноатбахш арзёбӣ намудасту ихтиёран истеъфо додааст.
Тими "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ низ барои ин мураббӣ нав нест. Вай қаблан - соли 2018 дар дастаи футболи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳайси ёрдамчии Алиҷон Турдиназаров фаъолият карда буд.
Зикр мегардад, ки таҳти роҳбарии Турдиев ва Турдиназаров дастаи футболи "Кӯктош"-и Рӯдакӣ сазовори зинаи сеюм дар ҷумҳурӣ гардида буд. Дар мавсими нав бо Турдиев бо тими ноҳияи Рӯдакӣ чӣ натиҷаро ба даст хоҳад овард, вақт нишон медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки қабл аз КМВА, Аҳлиддин Турдиев ба ҳайси сармураббии тими ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон фаӯъолият дошт. Таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи кишвар ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё баромада буд.
Охири соли гузашта ФФТ тасмим гирифт, ки ба ҷои Турдиев барои кор бо тими ҷавонони Тоҷикистон, мутахассиси белорусӣ, Олег Кубаровро ҷалб намояд, ки феълан дар ин мақом фаъолият дорад.
Пеш аз ин Турдиев бозигарони Академияи футболи кишварро тамрин медод ва аз ҷониби ФФТ соли 2019 беҳтарин мураббӣ дониста шуда буд.