ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Мардуми Кореяи ҷанубӣ чӣ хоҳанд гуфт, агар дар ихтиёри ҳамсояҳояшон, Кореяи шимолӣ силоҳи муосири Русия пайдо шавад, изҳор дошт, муовини раиси Шӯрои амнияти ФР, Дмитрий Медведев.
Ӯ ин нуктаро дар посух ба суханони раҳбари Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл дар бораи имкони интиқоли силоҳ ба Киев баён дошт.
"Одамони наве пайдо шуданд, ки мехоҳанд ба душманони мо кумак кунанд. Президенти Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл гуфт, ки аслан, ин давлат омода аст ба режими Киев силоҳ диҳад", - изҳор дошт Медведев.
Ӯ зикр намуд, ки қаблан Кореяи ҷанубӣ итминон дода буд, ки эҳтимолияти интиқоли силоҳи ин кишвар ба Украина имкон надорад.
"Аҷаб аст, ки сокинони ин кишвар чӣ хоҳанд гуфт, агар намунаҳои охирини аслиҳаи Русияро аз ҳамсояҳои наздиктарини худ – шарикони мо аз Кореяи шимолӣ бибинанд?", - суол гузошт вай.
То ба ҳол мавқеъи аслии ҳукумати Кореяи ҷанубӣ ин буд, ки Украина бо силоҳи марговар таъмин нашавад. Дар баробари ин мухолифони Кореяи Ҷанубӣ низ аз ин мавқеъ пуштибонӣ карданд.
Аммо ахиран раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ гуфт, дар сурати ба вуҷуд омадани вазъ дар Украина, ки "ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад таҳаммул кунад", барои Сеул пофишорӣ кардан ба Киев танҳо кумаки башардӯстона ё молӣ ироа шавад, душвор хоҳад буд.
Юн Сок Ёол ҳамлаи густурда ба мардуми осоишта, қатли ом ва ё нақзи ҷиддии қонунҳои низомиро аз мисолҳои сабабҳои эҳтимолии ин иқдом гуфт.