ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо бориши кӯтоҳмуддат ба амал омада, рӯзона асосан бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то аз то 3 дараҷа ва рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 8 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 2 дараҷа, рӯзона то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 8 дараҷа гарм, рӯзона то 24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона то 23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 4 дараҷа ва рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво шабона то 6 дараҷа ва рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад