ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Хоруғ, Ризо Назарзода бо кадрҳои навтаъйин дар маркази ВМКБ мулоқот карда, хостори хизмати софдилона ба халқ шудааст.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Хоруғ, кадрҳои нав дар асоси фармоиши роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва хулосаи комиссияи озмун ба вазифаҳои хизмати давлатӣ таъйин гардидаанд.
Аз ҷумла дар асоси пешниҳоди раиси шаҳри Хоруғ ва фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон, Аҳмадулло Мамадбунаев мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таъйин шудааст.
Ҳамчунин дар бахши иқтисоду савдои шаҳрдорӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Ба мансаби мудири бахши рушди иқтисод ва савдои шаҳри Хоруғ, Мунис Алифшоев таъйин гардидааст.
Интизор Аноятшоев мансаби сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Хоруғро соҳиб шудааст.
Ба мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, Замирова Мавлуда қабул гардидааст. Бахтоваршоева Ҳангома мансаби мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидории дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғро соҳиб шудааст.
Дар суҳбат бо кадрҳои навтаъйин, Ризо Назарзода онҳоро ба хизмати софдилона ба халқ, содиқ будан ба давлат ва иҷрои сифатноки уҳдадориҳои мансабӣ даъват намуд.
Шаҳрдории Хоруғ афзуд, ҳамаи кадрҳое, ки нав ба вазифа таъйин гардиданд, аз ҳисоби ҷавонони ватандӯст ва соҳибихтисос мебошанд.