Пахтакорони шаҳри Турсунзода кишти тухмии нави пахтаро таҷриба мекунанд

Бо мусоидати ҳукумати Тоҷикистон ба пахтакорони шаҳри Турсунзода тухмии ҷадиди пунбадона дастрас шудааст, ки дар марҳилаи аввал таҷрибавӣ кишт мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Хоҷагии деҳқонии "Самир"-и шаҳри Турсунзода, ба парвариши тухмии пунбадонаи туркӣ бо номи "лодос" оғоз кардаааст.
Дар ин бора шаҳрдории Турсунзода иттилоъ дода, афзуд, ки тухмии пунбадонаи "лодос" бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ба пахтакорони шаҳр дастрас гардид.
Дар иттилоияи расмӣ таъкид шудааст, ки тухмии ҷадид дар марҳилаи аввал дар майдони 50 гектар ба таври таҷрибавӣ кишт карда мешавад.
Зикр гардид, ки тухми пунбадонаи "лодос" ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, дар натиҷаи парвариши босифат имкон дорад, ки аз он то 50 сентнер ҳосил рӯёнида шавад.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд
Аз қавли роҳбарияти хоҷагии деҳқонии "Самир" оварда шудааст, ки дар нақша доранд, тухми пунбадонаро зиёд намуда, ба таъмини минбаъдаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди соҳаи пахтакорӣ замина гузорад.
"Дар ҷараёни кишти пунбадона роҳбарияти шаҳри Турсунзода ва собиқадорони соҳа иштирок намуда, ба кишоварзон маслиҳати муфид доданд", - омадааст дар иттилоя.
Дар маҷмуъ, тибқи дурнамо кишоварзони шаҳри Турсунзода ният доранд, ки дар майдони 1 ҳазор гектар пунбадона кишт кунанд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, то ҳол майдони киштшуда зиёда аз 500 гектарро ташкил медиҳад.
Пахта яке аз маҳсулоти кишоварзии асосии Тоҷикистон буда, дар садри маҳсулоти содиротии кишвар қарор дорад.