ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷа 8,6 млн доллар даромад гирифтааст.
Дар ин бора аз қавли Агентии омори Тоҷикистон хабар дода шуда, зикр гардидааст, ки даромад аз содироти барқ дар соли гузашта ҳудуди 7,3 млн долларро ташкил додаст.
Таъкид шудааст, ки афзоиши ҳаҷми даромад дар 3 моҳи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта муодили 17,5% шудаст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор тавзеҳ дод, ки дар моҳи феврал ҳаҷми содирот 2,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ, ки содирот ба 4,3 миллион доллар расид, 42% камтар будааст.
Дар феҳрасти харидорони асосии барқи Тоҷикистон, одатан Афғонистон ва Узбекистон қарор доранд.
Ба иттилои "Барқи тоҷик", ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон тамоми сол шартнома ва ҳамчунин бо Узбекистон барои давраи баҳору тобистон созишнома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар фасли сармои соли равон Тоҷикистон дучори камбуди барқ шуда, бархе аз навоҳӣ бо маҳдудият нерӯ мегирифтанд.
Расман 1 феврали соли равон "Барқи тоҷик" аз ҷорӣ шудани лимити нерӯи барқ ба далели камбуди манобеъи об хабар дода буд ва бо фарорасии мавсими гармо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар дарёҳо он лағв гардид.