Маоши раис - 1900 сомонӣ, аз мутахассис - камтар: эълон барои хоҳишмандони кор дар ҳукумат

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ миёни довталабон озмун эълон кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ба довталабони кор дар ҳукумати Хатлон 8 ҷойи холӣ пешниҳод шудааст, ки вобаста ба мақом то наздики 2 ҳазор сомонӣ маош доранд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумат, аз ҷумла ҷойи мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилоят, мудири бахши маркетинг ва сармоягузории Раёсати рушди иқтисод ва савдои Хатлон холӣ мебошанд.
Ҳамчунин мақоми ёрдамчии раиси вилояти Хатлон низ ба озмун пешниҳод шудааст.
Довталабони кор дар мақоми сармутахассиси бахши бойгонӣ, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон, мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳӣ, мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ метавонанд санадҳоро пешниҳод кунанд.
Ширкати русӣ дар ВМКБ коргар меҷӯяд
Тавзеҳ дода шудааст, ки довталабон бояд таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси ба мансаби пешниҳодшуда мувофиқро дошта бошанд.
Инчунин аз довталабони мақоми мудири шуъба - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, мудири бахши - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, сармутахассис- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумӣ талаб мешавад.
Дар мавриди маош иттилоъ дода шуд, ки музди моҳонаи хизматчиёни давлатӣ дар мақоми мудири шуъба - 1914 сомонӣ, мудири бахш - 1571 сомонӣ, сармутахассис - 1427 сомонӣ, мутахассиси пешбар - 1170 сомонӣ, мутахассис - 962 сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти Хатлон таъкид намуданд, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз довталабон то 26 апрели соли равон муқаррар шудааст.