Кишварҳои ОМ ва Ҳинду Эрон долонҳои тиҷоратию нақлиётӣ боз хоҳанд кард

Дар чаҳорчӯби рушди долонҳои нақлиётӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақша доранд, ки тиҷоратро тавассути бандари Чобаҳори Эрон густариш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро дар рушди долони байналмилалии нақлиётии “Шимол-Ҷануб” ва долони “Чобаҳор – Осиёи Марказӣ” баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон, музокироти нав дар самти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Ҷаласаи якуми гуруҳи кории якҷоя таҳти раёсати котиби оид ба корҳои иқтисодии вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон барпо гардид.
Дар Тоҷикистон хаҷми боркашонӣ афзудааст
Дар он намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Афғонистон ширкат доштанд.
Иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба иншоот ва фаъолияти кунунии терминалҳои бандари Чобаҳори Эрон ва рушди минбаъдаи робитаҳои минтақавӣ ба манзури густариши тиҷоратро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷониби Ҳиндустон ба лоиҳаи "Харитаи роҳ" оид ба ҳамзамон рафъи монеаҳо ва рушди иқтидори масири Шимолу Ҷануб то соли 2027 ворид карда шавад.