Президенти Русия Владимир Путин аз қароргоҳи гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" дар самти Херсон ва қароргоҳи гурӯҳи "Восток"-и Гвардияи Миллӣ дар Луганск дидан кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия иттилоъ дода, афзуд, ки Владимир Путин дар қароргоҳи гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" дар вилояти Херсон гузориши фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии десантӣ, генерал-полковник Михаил Теплинский, фармондеҳи гурӯҳи нерӯҳои "Днепр" генерал-полковник Олег Макаревичро шунид.
Путин аз низомиён хост, ки дар бораи вазъ дар самтҳои Херсон ва Запороже назари худро баён кунанд ва табодули иттилоъ намоянд.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин аз қароргоҳи Горди миллии "Восток" дар Ҷумҳурии Мардумии Луганск боздид намуда, гузориши генерал-полковник Александр Лапин ва дигар афсарони баландрутбаро оид ба вазъи ин минтақа шунид.
Владимир Путин низомиёнро бо иди Пасха шодбош гуфта, нусхаи иконаро ба онҳо тақдим кардааст.
Қаблан президенти Русия аз шаҳри Мариупол боздид карда, бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар шаҳр шинос шуд.
Инчунин нимаи моҳи март Владимир Путин дар ситоди фармондеҳии амалиёти вижаи низомӣ дар Ростови лаби Дон ҷаласа гузаронда, гузориши сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ Валерий Герасимов ва як қатор раҳбарони низомиро шунид.