Замони ифтитоҳи сафоратхонаҳои Эрону Саудӣ муайян шуд

Эҳёи равобити дипломатӣ миёни Эрону Арабистони Саудӣ гоми муҳим барои суботи минтақа, Халиҷи Форс ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Сафоратхонаҳои тарафайни Эрон ва Арабистони Саудӣ то 19 май боз хоҳанд шуд, иттилоъ дод корпоратсияи давлатии расонаии Чин.
Эрон ва Арабистони Саудӣ дар пайи музокирот дар шаҳри Пекин, ба тавофуқ расиданд, ки пас аз 7 сол, равобити дипломати худро аз сар бигиранд.
Қаблан вазири умури хориҷии Эрон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар дидор бо ҳамтояш аз Арабистони Саудӣ, Файсал бин Фарҳон аз саргирии равобити дипломатӣ миёни Теҳрону Риёзро баррасӣ карда буд.
Дар пайи мулоқот, вазирони умури хориҷӣ як изҳороти муштаракеро дар Пекин ба имзо расониданд, дар он "ният ба пайравӣ аз рӯҳияи неки ҳамсоягӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо" таъкид шудааст.
Bloomberg: Иттиҳоди нафтии Русия ва Саудӣ нақшаҳои Байденро вайрон мекунанд
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки "боздидҳои расмӣ ва сафарҳои ҳайатҳои хусусӣ" аз сар гирифта шаванд.
Арабистони Саудӣ 3 январи соли 2016 бино бар ҳамлаи бархе афрод ба сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад, равобити дипломати худро бо Эрон қатъ карда буд.
Эҳёи равобити Эрон бо Арабистон як гоми муҳим дар ростои суботи минтақа ва Халиҷи Форс ва тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақаӣ арзёбӣ мешавад.
Пештар роҳбарияти Хадамоти федералии таҳқиқотии ИМА эълон дошта буд, ки азсаргирии муносиботу наздикшавии Риёз ва Теҳрон барояшон ғайричашмдошту ҳайратовар буд.