Сабти қариб 600 ҳазор воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон теъдоди воситаҳои нақлиёти сабтшуда дар ҷумҳуриро эълон дошт, ки қисмати зиёди он дар дасти бахши хусусӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар бахши нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон зиёда аз 2,3 ҳазор корхонаю ширкати моликияташон гуногун фаъолият доранд.
Ин нуктаро Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти семоҳааш таъкид карда, омори васоили нақлиётро низ пешниҳод намуд.
Манбаъ мегӯяд, ба ҳолати аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон зиёда аз 577 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, зиёда аз 50 ҳазорашро нақлиёти боркаш ва беш аз 15,5 ҳазорро нақлиёти мусофирбар ташкил медиҳад.
Вазорати нақлиёт таъкид намуд, ки аз шумораи умумӣ зиёда аз 507 ҳазор ададро нақлиёти хусусӣ ташкил дода, наздики 1,8 ҳазораш нақлиёти махсус мебошад.
Афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин
Таъкид шудааст, ки дар семоҳаи аввал тавассути ҳама намуди воситаҳои нақлиёт зиёда аз 23,3 млн тон бор интиқол дода шудаст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳаҷми боркашонӣ наздики 11% ва мусофирбарӣ беш аз 11% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Вазорат, дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, вобаста ба шароити хоси иқлимӣ ва ҷойгиршавии чуғрофии кишвар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Аз ҷумла ҳамлу нақли беш аз 93%-и борҳо ва зиёда аз 96%-и мусофирон маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ мегардад.