ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Гардиши тиҷорӣ байни Қазоқистон ва Афғонистон дар соли 2022 ба рекорд 987,9 млн. доллар расид, ки 2,1 баробар бештар аз соли қабли аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба сухангӯи вазорати умури хориҷа Қазоқистон Айбек Смадияров.
Ба гуфтаи вай афзоиши тиҷори аввал аз ҳама ба далели рушди содироти маҳсулот дохилӣ аст.
Имсол метавон бо хаёли роҳат дар мавриди ғалаба бар марзи як млрд доларии ношӣ аз содироти колоҳои тавлидшуда дар Қазоқистон суҳбат кард.
Тоҷирони қазоқистонӣ умдатан орди гандум ё гандуми ҷавдор, гандум, сабзиҷоти боқули хушк, локомотивҳои роҳи оҳан, базри каттон ва равғани офтобгардонро ба Афғонистон арза мекунанд.
Айбек Смадияров яке аз аъзои ҳайати Қазоқистон буд, ки ба Афғонистон сафар кард ва кумакҳои башардӯстонаро ба ин кишвари расонад.
Вай гуфт, ки нишасти туҷҷори Қазоқистон Афғонистон низ дар чорчӯби як маҷмаъи вижаи тиҷорат дар кобул баргузор шуд.
“Корофаринон барномаҳои бузургебарои оянда доранд, хонаи тиҷорати Қазоқистон дар Афғонистон ифтитоҳ хоҳад шуд", - таъкид кард Айбек Смадияров.
Намояндаи расмии вазорати умури хориҷа афзуд ҷамъияти Афғонистон бар асоси гузориши сандуқи нуфуси СММ, ҳудуди 40 млн нафараст ва албата ин бозори нисбатани ҷаззобе барои тавлидкунандагон моаст.
Ба гуфта вай, ғизои суфраҳои афғонҳоро нишонаи марғубят ва таъм олӣ медонанд.
Оқои Смадияров гуфт шоколад ва ширинӣ з арзиши вижае бархурдор ҳастанд.
“Хуб, ҳатто наметавон дар мавриди нони таҳияшуда аз орди қаззоқ суҳбат кард, тақрибан дар ҳамаи хонаҳо вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.