ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 ҳазор рубли русиро дар кишвар 133,5 сомонӣ муқаррар кардааст, ки баробари нишондоди охири ҳафтаи гузашта мебошад.
Қурби асъори хориҷии калидии дигар, аз ҷумла доллару евро дар баробари сомонӣ дар рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид нисбатан боло рафтааст. Нархи доллари ИМА - 10.9137 сомонӣ ва евро - 12.0607 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки 1 доллари ИМА ба ивази 10.9137 то 10.9400 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Нархи евро зимни харид 12.0607 ва зимни фурӯш дар муассисаҳои молиявии ҷумҳурӣ 12.3 сомонӣ муқаррар гардидаст.
Арзиши миёнаи ҳазор рубли русии нақд дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 133.5 то 133.6 сомонӣ нишон дода шудаст.
Асъори русӣ коҳишёбии беистро аз 6 апрел оғоз карда, ҳафтаи гузашта то 132,5 сомонӣ барои 1 ҳазор рубл расид, ки поинтарин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ мебошад.
Дар зимн Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид гардидааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.