Ҳукми низомиёни эронӣ барои сарнагун кардани ҳавопаймои украинӣ

Ҳодисаи задани ҳавопаймои мусофирбари украинӣ соли 2020 рух дода, дар натиҷа 176 нафар, аз ҷумла 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Додгоҳи Эрон як ҳайати дифои ҳавоиро барои сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирбари украинӣ ба маҳбас маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, операторе, ки ду мушак партоб кардааст, 13 соли зиндон гирифт.
Нӯҳ низомии дигар - аз 1,5 то 3 сол равонаи зиндон шудаанд. Манбаъ афзуд, ки маҳкумшудаҳо бояд ба наздикони қурбониён 150 ҳазор долларӣ ҷуброн пардохт кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои Boeing-737- и украинӣ субҳи 8-уми январи соли 2020 дар Эрон суқут кард.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба иншооти низомӣ дар Эрон: Шарҳи Вазорати дифоъ
Созмони ҳавопаймоии Эрон, дар пайи таҳқиқ гузориш дода буд, ки он иштибоҳан аз ҷониби низомиёни кишвар бо ду мушаки Top-M1 сарнагун шудаст.
Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.
Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир ва Олмон буданд.
Ҷониби Эрон баъди рух додани ҳодиса иштибоҳи инсонӣ будани онро эътироф карда, расман аз ҷониби Украина узр пурсиду барои таҳқиқи мунсифонаи қазия ваъда дода буд.