Коғазу қалами тоҷикӣ: талоши Тоҷикистон барои таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ

Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки корҳои сохтмонии коргоҳи нави истеҳсолӣ дар шимоли кишвар бо суръат ҷараён дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи тавлидоти дафтару коғазу қалам мавриди истифодабарӣ қарор дода хоҳад шуд.
Дар ин бора мудири шуъбаи саноат дар ҳукумати вилояти Суғд, Озифхон Шарифзода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сохтмони коргоҳи мазкур дар наздикии минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад.

“Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 1,5 га замин дар маҳаллаи 3- юми шаҳр идома дорад. Қарор аст дар ҷашни Истиқлолият корхона ба истифода дода хоҳад шуд” – гуфт мудири шуъбаи саноат.

Бино ба иттилоъи манбаъ ин корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта мешавад. Барои ба корандозии он, мутахассисони хориҷӣ ҷалб карда шудаанд.
Коргоҳи ҷадид бо технологияи муосир муҷаҳҳаз шуда, маҳсулоти дар он истеҳсолшаванда воридотивазкунанда ва пурра барои таъминоти бозори дохилӣ пешбинӣ мешавад.
Бунёди корхонаи ҷӯроббофӣ дар ноҳияи Ашт
Зимнан ин нахустин корхонаи тавлидоти ашёи хониш аз ҷумла дафтару коғазу қалам дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, ки молаш ба бозор арза хоҳад шуд.
Дафтару коғаз ва дигар ашёи хониш дар бозор ва фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон умдатан аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Русия ва Белорус ворид мешавад.
Ҳоло нархи як баста коғаз дар бозор 46 - 48 сомонӣ гуфта мешавад, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 25% гарон арзёбӣ мешавад.
Фурӯшандаҳо сабаби болоравии нархи коғазро ба коҳишёбии ҳаҷми воридоти он шарҳ медиҳанд.