ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Вагнер" барои гузаргоҳи асосии роҳи оҳани шаҳри Арёмовск дар қисмати ғарбии он мубориза бурда истодаанд, гуфтааст як ҷанговари ин гурӯҳ ба РИА "Новости".
Қаблан муассиси ин гурӯҳ Евгений Пригожин гуфта буд, ки дар бораи муҳосираи пурраи Артёмовск ҳарф задан барвақт аст, аммо беш аз 80% шаҳр зери назорати нерӯҳои Русия қарор дорад.
Як ҷанговари ин гуруҳ ба хабаргузории РИА "Новости" гуфтааст, ки нерӯҳои украиниро аз ин шаҳр танг карда истодаанд.
"Онҳо ба тарафи роҳи оҳан ҳаракат карданд, дар он тамаркуз доранд. Гурехта истодаанд ва мо ба онҳо расида истодаем. Шаҳр қариб дар ихтиёри мост", - гуфтаст мусоҳиб.
Вай таъкид намудаст, ки марказ аллакай таҳти назорати нерӯҳои Русия қарор дошта, ҷанговарон ба самтҳои дигар ҳаракат доранд.
Маврид ба зикр аст, ки чанд вақти охир нерӯҳои гурӯҳи "Вагнер" қувваҳои украиниро аз маҳаллаҳои марказии Артёмовск ба ғарб тела дода истодааст. Даргириҳои асосӣ барои роҳи оҳани ин шаҳр сурат мегиранд.
Артёмовск дар шимоли шаҳри калони Горловка вокеъ буда, нерӯҳои Украина бо ҳар қимат талош доранд, ки онро ҳифз намоянд.
Шаҳри мазкур маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс ба шумор меравад. Дар Украина гузинаи қаблазинқилобии номи шаҳр, ки Бахмут буд, расман қабул карда шудааст.
Таъкид мешавад, ки бештар аз 6 мооҳ аст, ки барои ин шаҳр муҳорибаҳои шадид давом доранд.