ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Мудирони маорифи шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхиву Абдураҳмони Ҷомӣ аз вазифа барканор шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ то ҳол ба ҷойи онҳо касе таъйин нагардидааст. Ҳамчунин дар бораи ба кадом вазифаи дигар таъйин шуданд, ё нашудани онҳо маълумоте нест.
Манбаъ хабар додааст, ки мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Балхӣ ва Ҷомӣ бештар аз як сол боз дар ин вазифа кор мекарданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки Ҳакимзода Хайрулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бори дуюм аст, ки ба ин вазифа таъйин мегардаду боз озод мешавад.
Ҳамзамон як манбаъ аз шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар додааст, ки дар муддати бештар аз се соли фаъолияти мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода, дар шаҳр се муассисаи таълимии замонавӣ, ду кӯдакистон сохта шуда, дастовардҳои хонандагон аз озмуну олимпиадаҳо зиёд гардида, дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ бештар шуда буд.