Сеяки кӯдакон дар Тоҷикистон бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд

Дар Тоҷикистон барои густариши фаъолияти кӯдакистонҳо Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ то соли 2027 амалӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Соли 2023 дар Тоҷикистон таъсиси 25 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ омӯхта, пешниҳоди ҳукумат кунанд.
"Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 39 Маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ беш аз 171 ҳазор нафар ё ҳамагӣ 16%-ро ташкил медиҳад.
Зикр гардидааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 2 муассиса ва дар шаҳри Душанбе 1 муассисаи хусусӣ ба истифода дода шуд.
Бар асоси омори расмӣ, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар се моҳи соли равон ба 707 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд гардидааст.
Биноҳои бисёрошёна дар Душанбе бо кӯдакистонҳо бунёд мешаванд
Зикр гардидаст, ки тибқи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 дар ду марҳила сохтмони муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи барнома аз ҷумла солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешавад
Интизор меравад, ки то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33% расонида шавад.