ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Бар асоси фармони прокурори генералӣ, Абдулазимзода Убайдулло Абдулазим иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин шудааст.
Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
“Муаррифии прокурори нав дар як ҷаласа бо иштироки Умед Пулодӣ, муовини прокурори вилояти Суғд сурат гирифтааст ва дар масъулони ҳукумати ноҳия низ иштирок намудаанд” – гуфт, манбаъ.
Абдулазимзода Убайдулло Абдулазим, бо таъйин шудан ба ин вазифа дар Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷойи Ҳасанзода Аббосро иваз намудааст.
Ҳасанзода панҷ соли охир прокурори ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд. Сабаби барканории ӯ, расидан ба сини нафақа гуфта мешавад.
Оқои Абдулазимзода то ин замон дар прокуратураи генералӣ кор мекардааст.