ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Обуҳавошиносони тоҷик хабар доданд, ки ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон камабру бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона то 9 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 6 дараҷа хунук ва рӯзона то 10 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа гарм ва рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз то 7 ва рӯзона то 14 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона то 20 ва рӯзона з 24 то 29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 14 дараҷа гарм ва рӯзона аз 24 то 29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво шабона камабри бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 16 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11 дараҷа гарм ва рӯзона то 17дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо бегоҳирӯзӣ борон борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво шабона то 16 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.